Давлат ба ниёзмандон кумак мекунад
Бояд дарк кард, кумакҳое, ки барои қишри ниёзманди аҳолӣ ҷудо мешаванд, аз ҳисоби андозҳо рӯёнида мешаванд.
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон 6 март дар масъалаи «амалисозии сиёсати иҷтимоӣ» ҷаласа баргузор кард. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Қазоқистон хабар доданд.
Ҷаласаи президент дар ҳоле барпо мешавад, ки дар Қазоқистон эътирозҳо бо талаби ҷои кор ва бештар шудани кумакҳои иҷтимоӣ дар чанд ҳафтаи охир давом доранд.
Назарбоев дубора дар бораи чораҳои «боло бурдани сатҳи некуаҳволӣ ва сифати зиндагии қазоқистониҳо» изҳори назар кардааст. Вай афзудааст, ки бояд «ба ниёзмандон» кумак расонида шавад.
«Бояд дарк кард, кумакҳое, ки барои қишри ниёзманди аҳолӣ ҷудо мешаванд, аз ҳисоби андозҳо рӯёнида мешаванд. Аз ҳамин хотир бояд ба ҳама фаҳмонд, ки давлат тавозунро нигаҳ медорад, ҳамеша ба ниёзмандон кумак мерасонад», — гуфтааст Назарбоев.
Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, сокинони ниёзманд сар аз 1 апрел кумак дарёфт хоҳанд кард.
Дар бораи «чораҳои густардаи кумак ба қишри ниёзманди аҳолӣ» Назарбоев бори аввал 27 феврал дар рӯзи анҷумани ҳизби ҳокими «Нур Отан» хабар дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ