Давлат: Баъди 6 соли аъзоӣ  баъд ғаразҳои ҲНИТ-ро дарк кардам

Давлат Абдуллоеви 36 сола сокини ҷамоати деҳоти Гули сурхи деҳаи Тошбеки шаҳри Истаравшан мебошад. Ин ҷавони ноогоҳ аз ғаразҳои   ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи ҲНИТ, соли 2009 ба сафи ин ҳизби экстримистӣ-террорисӣ мепайвандад.  Тавре ки худи Давлат нақл кард сабаби асосии ба ин ҳизби бадхоҳу тафриқаҷуй шомил шуданаш содагӣ, зудбоварӣ ва надоштани донишиу ҳушёрии сиёсӣ будааст.  Давлат аз он афсус мехӯрад, ки мақсадҳои нопоки ин  ҳизбро пас аз  6 солӣ аъзоӣ баъд дарк кардааст. Гумроҳшуда  аввали фиребхӯрияшро нақл чунин нақл кард:

— Вақти намози аср буд. Бо вуҷуди он ки аксар вақт намозро дар хона мехондам гӯё аҷал маро пеш-пеш карда бошад ба масҷиди панҷвақтаи ҷамоати Гули сурх рафтам. Баъди адои намоз дар дастам ҷойнамоз ба саҳни масҷид баромадам, ки ду марди тахмин 40-45 солае дар паси девор мисли муши гуркоб истода буданд. Дар аввал ба онҳо аҳамият ҳам надодам, азбаски ношинос будан ҳатто салом нагуфта гузаштам. Тахмин 5-6 қадам дур шуда будам, ки “ҳой бародар, як дақиқа мумкин ми?” гӯён маро фарёд карданд…

Идомаро дар шумораи  навбатии  ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                                                                     Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *