Давлат саҳмияҳои “Сангтӯда”-ро харидорӣ мекунад

Давлати Тоҷикистон аз аҳолии кишвар ба миқдори беш аз 1 миллион сомонӣ саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии “Сангтӯда”-ро харидорӣ кардааст.

Давлати Тоҷикистон аз аҳолии кишвар ба миқдори беш аз 1 миллион сомонӣ саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии “Сангтӯда”-ро харидорӣ кардааст.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” дар нишасти матбуотӣ дар рӯзи 23 июл гуфт, дар соли 1996 ба миқдори 97 ҳазор адад саҳмияи неругоҳи “Сангтӯда” ба муомилот бароварда шуда ва арзиши ҳар адади он 3 ҳазор рубли он замон ё 10 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон 1 адад саҳмияро ба баҳои 10 доллар ё 94 сомонӣ аз мардуми кишвар харидорӣ мекунад.

Раванди харидории саҳмияҳои  неругоҳи “Сангтӯда” аз аҳолӣ 31 майи соли ҷорӣ оғоз шуда ва то 31 декабри соли 2021 идома хоҳад ёфт. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин манзур 10 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Сохтмони неругоҳи “Сангтӯда-1” дар соли 2005 бо ширкати сармояи Русия оғоз шуда ва дар моҳи январи соли 2008 агрегати якуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Феълан 75 дарсади саҳмияҳои ин неругоҳро Русия ва 25 дарсади онро Тоҷикистон дар ихтиёр доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *