Давлаталӣ Саид аз Теппаи Қӯрғон боздид кард
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз Теппаи Қӯрғон дидан кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки теппаи мавриди назар садамавӣ буда, ба бозсозӣ ниёз дорад.
Аз ҷониби якчанд институти лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҶСК “Шаҳрофари Душанбе” лоиҳаҳои намунавии Теппаи Қӯрғон омода шудааст. Тибқи лоиҳа, дар назар аст, ки дар болои иншооти мавриди назар, ки масоҳаташ 2,5 гектарро ташкил мекунад, Амфитеатр бо як ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шаванд.
Давлаталӣ Саид ба масъулини шаҳри Бохтар дастур додааст, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии Теппаи Қӯрғон бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд. Ӯ гуфтааст, ки азнавсозии Теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби кишвар аст, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд.
Ҳанӯз охири соли 2021 рӯзномаи “Тоҷикистон” аз садамавӣ будани Теппаи Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар шаҳри Бохтар гуфта буд. Бо сабаби фурӯ рафтани он, чанде пеш масъулин осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-ро, ки дар баландии ин иншоот ҷойгир аст, садамавӣ гуфта, фаъолияташро қатъ карданд.
Он замон аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар гуфта буданд, ки барои бозсозии Теппаи Қӯрғон беш аз 50 миллион сомонӣ лозим аст.
Таърихшиносон мегӯянд, ки таърихи Теппаи Қӯрғон аз асрҳои 1-2 оғоз ёфтааст. Он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асри 19-20 қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ