Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои саҳроӣ аз хоҷагии деҳқонии «Шамолиддин»-и ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» дидан намуд.
Бояд гуфт, ки хоҷагии мазкур дар майдони 74 гектар пахта кишт намудааст. Дар баробари ин, дар майдони 18,2 гектар кишти такрорӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 17,2 гектар иҷро шудааст.
Дар ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин бо ҷараёни корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонии «Водии Заррин» ва «Навкор» шинос гардид. Хоҷагии «Водии Заррин» дар майдони 119 гектар ва «Навкор» дар масоҳати 136 гектар пахта кишт кардааст.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Кӯшониён имсол дар майдони 10820 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо кишоварзон ва масъулони соҳа қайд намуд, ки соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ ба шумор меравад. Тавассути коркарди он дар Тоҷикистон аз пахта зиёда аз 300 намуди маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол карда мешавад. «Аз ин рӯ, бо дарназардошти ашёи муҳим барои саноати сабук будан ва тибқи талаботи бозор масъулин бояд ба афзоиши майдони кишти пахта ва таъмини ҳосилнокии баланди «тилои сафед» диққати аввалиндараҷа диҳанд»,- таъкид намуд Давлаталӣ Саид.
Дар ҳамин ҷамоат раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Абдусолеҳ” дидан намуд. Хоҷагидор дар майдони 1 гк 90 сотих замин гармхона бунёд намуда, аз ин гармхона имсол сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла бодиринг рӯёнидааст. Айни замон дар ҷои бодиринг кишти помидор гузаронида шудааст, ки аллакай тухми помидор аз замин рўида, ду-себарга шудааст.
Раиси вилоят ба заҳмати хоҷагидорон ва дар таъмини амнияти озуқа таҳсину офарин хонд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ