Давлаталӣ Саид раиси Федератсияи футбол интихоб шуд

Дар шаҳри Левакант конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гардид. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб гардид.

Ҳамчунин, Исроил Шарипов муовини якум ва Дилшод Мадализода муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб шуданд.

Дар конференсияи мавриди назар ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб шуданд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷуз аз паис ва ду муовини ӯ инчунин Шариф Назар, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Ҳабибулло Изатуллозода, сардори Сарраёсати молияи вилоят, Насриддинзода Рамазон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Қурбон Юсуф, раиси ноҳияи Вахш, Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар, Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ, Рустам Холиқзода, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара, Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон ва Хайрулло Асадулло, соҳибкори ватанӣ шомил гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image