Давлатбек Ахмедов: Вақте дар хонаи президент будам…

Соли 2006 буд. Як рӯз раиси ноҳия Аслонбек Абдураҳмонов маро ба утоқи кориашон ҷеғ заданд. Он замон ронанда будам. Аз ину он суҳбат кардем. Дар фарҷоми суҳбат гуфтанд, ки омода шав, баъди 2 рӯз ба Данғара меравӣ, ба хонаи Президенти кишвар. Боварам наомаду “ҳа, хуб” гуфта, аз утоқ берун шудам. Ин 2 рӯз чун 2 сол гузашт дар интизорӣ…
Ин ҷо ӯ таваққуф кард, зеро рӯзноманигорони дигар суолборонаш карданд. Суолҳо бештар атрофи боғдорӣ буданду оиладорӣ. Чун дидам, ки мақсуд ҳосил нест, худ ба суҳбат кашидамашон.
— Идомаашро нақл кунед, амак.
— Идомаи чиро?
— Ба хонаи Президент рафтанатонро.
— Ҳаа, гӯш кун.
Ниҳоят рӯзи сафар ҳам фаро расид. Субҳи содиқ аз раиси ноҳия дастури заруриро гирифтаму ба роҳ баромадам. Зафар Нозим бо ман ҳамнаво буд. Як “Нива” доштам. Бо ҳамон рафтам. Роҳҳо он замон он қадар обод набуданд, аммо ман бодвор мошин мерондаму худ ба худ вохӯриамро бо хонаводаи Президенти кишвар тасаввур мекардам…
Ниҳоят баъди чанд соат ба Данғара расидам.
Маро бародари Ҷаноби Олӣ пазируфтанд. Бисёр шахси самимӣ, кушодачеҳра ва фурӯтану хоксор буданд шодравон. Ба хона даъват карда, чӣ кор карданамро фаҳмониданду таъкид карданд, ки дертар меоянд ва пайи кадом коре рафтанд.
Вазифаи мо коркарди картошка буд. Майдони кишти картошка 30 гектарро ташкил медод. Кӯшиш кардам кори бар уҳдаам гузоштаро хуб анҷом диҳам.
Ҳини кор равоншод акаи Нуриддин тез-тез хабарамон мегирифт. Вақти хӯрокхӯрӣ аз ин хоҷагидори пешгому асил нозукиҳои корро мепурсидам. Бо хушиву лаби пури ханда аз таҷрибаашон нақл мекарданд. Он ҷо қарор додам, ки ҳатман дар асоси тавсияҳои акаи Нуриддин боғпарвариро ба роҳ мемонам.
Баъди чанде корамон анҷом ёфту бо дуои ин марди шариф ба Ҷиргатоли собиқ баргаштам. Худи ҳамон бегоҳ қитъаҳои замини наздиҳавлигиро ба қисмҳо ҷудо карда, пагоҳи барвақт бо азми дарахтхарӣ ба бозори ноҳия рафтам ва якбора чанд навъ ниҳол харида овардам. Чун себи минтақаи мо маъруф аст, чанд анвои себро шинондам, аммо баробари сабзидан маълум гардид, ки хасакию бемазза ва хеле майдаанд. Бо усулҳои бобоӣ онҳоро пайванд кардам ва инак, себҳои хуби хубонӣ шудаанд,- бо лабханд ба ёд овард ҳамсуҳбатам.
Ҳамсуҳбати мо Давлатбек Ахмедов сарварии хоҷагии деҳқонии “Ҳавлобек”-ро дар ноҳияи Лахш бар уҳда дорад. Хоҷагии мазкур соли 2007 бо дастгирии бевоситаи раиси вақти ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) Абдураҳмонов Аслонбек дар деҳаи Қалъаи Занкони ҷамоати деҳоти Ҷиргатол бунёд шуда, дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Сайрон-Қарамик ҷойгир мебошад.
Давлатбек Ахмедов 74-сола аст. Онҳо дар оила 16 фарзанд буданд. Дар 4-рӯзагӣ аз модар ятим монду баъди чанде қиблагоҳ барояш модари нав овард. Ин зан ба ӯ чун модари ҳақиқӣ рафтор намудаву ба вояаш расонид.
Давлатбек мактабро то синфи 4 бо забони қирғизӣ хонда, онро тарк кард. Чун ба 18 қадам гузошт, ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафт. Баъди бозгашт фаъолияти меҳнатиашро аз ронандагӣ шуруъ карда, имрӯз боғбони пухтакорест, ки беш аз 40 навъи мева мепарварад. Оиладор буда, соҳиби 11 фарзанд, 40 набера ва 11 абера аст. Ҳавлобек писари хурдии ӯ буда, ҳоло ба ҳайси роҳбари Филиали Иттифоқи миллии маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш фаъолият дорад ва хоҷагӣ ҳамноми ӯст.
Имсол қаҳрамони мо таҷрибаи нодире гузаронд ва собит кард, ки дар иқлими Лахш низ харбуза мепазад. Ӯ зери дарахтонаш донаи харбуза шинонд. Ниҳоли харбуза хуб нашъунамо карда, ба ҳосил даромад.
Акнун ӯ нақша дорад, ки кишти харбузаву тарбузашро васеъ гардонад…
Мирсаид САТТОРИЁН, Душанбе — Лахш — Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *