Давлатбек Хайрзода ва Фаридун Беназирзода ба 10,5 сол маҳкум шуданд
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Давлатбек Хайрзодаро ба муҳлати 10,5 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Ин хабар алаакай расонаӣ шудааст. Ҳамзамон бо такя ба манбаъ аз Суди Олӣ дар хабари мазкур омадааст, ки ба чунин муҳлат собиқ сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати зиддикорупсионии Агентӣ Фаридун Беназирзода низ маҳкум шудааст. Суди Олӣ маҳкумияти ин ду нафарро санаи 27-уми июл мутобиқ ба моддаи 319, қ. 4 –гунаҳкор донистан барои гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят калон эълон кардааст.
Ҳукми суд ҳанӯз қонунӣ нашудааст ва гунаҳгорон метавонанд дар давоми 10 рӯз шикояти кассатсионӣ пешниҳод намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ