Давлатмоҳи 115 сола:Тут умрро дароз мекунад

Момои Давлатмоҳ Додова , ки 115 сол дорад, сокини дарозумртарини ноҳияи Бохтар(шояд ҷумҳурӣ)  ба шумор меравад.

 

Ба қавли Ҷаббори Ғаффор , раиси ноҳияи Бохтар, мақомоти маҳаллӣ ифтихор мекунанд, ки дар ин ноҳия зане давлати пирӣ меронад, ки “таърихи зиндаи водии Вахш” аст. Вай гуфт, мақомоти маҳаллӣ ҳамеша талош мекунанд, ки аз аҳволи ӯ хабардор шуда, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоияш мусоидат кунанд. “Масъулони мақомоти иҷроия, ҷамоатҳо, соҳибкорон дар ҳар иду ҷашнвора ба ин зани дарозумр кӯмакҳои моддӣ мерасонанд, ба хонааш ҳадяҳо мебаранд”, — афзуд Ҷаббори Ғаффор.

Ин зани дарозумрро дар ноҳияи Бохтар ҳама мешиносанд. Ӯро   “холаи табаррук” ном мебаранд ва мегӯянд, ки мафтуни хушгуфтор ва сухандониаш ҳастанд. Дуои момо ҳам ба кулли ихлосмандону аёдаткунандагонашон ин аст, ки “Худованд онҳо ҳам умри беш аз 100-сола бинанду хор нашаванд”.

Аммо худи момои Давлатмоҳ мегӯяд, ки намехоҳад доруву дармони пизишконро истеъмол кунад. Вай одат кардааст, ки дардҳояшро тавассути гиёҳҳо ва растаниҳои табиӣ дармон бахшад. «Мо дар кӯҳҳо зиндагӣ мекардем. Сабаби дарозумрии ман аввал Худо аст, баъд боду ҳавои софи деҳа, тановули гиёҳҳо ва алафҳои табиӣ мебошад. Агар шумо ҳам бештар гӯшти кабку оҳу, меваи хушк, туту зардолу ва гиёҳҳои шифобахш, мисли пудинаро истеъмол кунед, иншоллоҳ, ки дарозумр мешавед», — бовар дорад момои пуртаҷриба.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *