Давлатовро 10 шабонарӯз ҳабс карданд

Фирӯз Давлатов, сокини шаҳри Душанбе барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, дашномҳои қабеҳ ва ҳамзамон латукӯби шаҳрванд айбдор дониста шудааст.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, дар асоси аризаи шикоятии як нафар сокини шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрванд Давлатов Фирӯз Абдусаломович, санаи таваллудаш 09.02.1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Чапаев дастгир карда шуд.

  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда 1-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:00 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Сино, нади маркази савдои «Ёвар» тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати муроҷиаткунанда дашномҳои қабеҳ дода, ҳамзамон ӯро мавриди латукӯб қарор додааст.
  Дар натиҷаи пурсиши шоҳидону санҷиши навори ҷойи ҳодиса кирдори майдаавбошонаи дастгиршуда тасдиқи худро ба пуррагӣ пайдо намуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатов Фирӯз Абдусаломович тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *