Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон бартарӣ дорад
Дар 8 моҳи соли равон гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия 17% афзоиш ёфт. Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавият бархӯрдор аст.
Ин нуктаро Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни маросими ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Москва таъкид кард.
«Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавият бархӯрдор аст, ба ин таърихи муштарак, фарҳанг ва манфиатҳои кишварҳои мо кумак мекунанд. Новобаста аз мушкилоти мавҷудаи имрӯза мо боварӣ дорем, ки ин арзишҳо минбаъд низ асоси равобити мо хоҳанд буд»,- гуфт Д. Гулмаҳмадзода.
Сафир қайд кард, ки кишварҳо пайваста роҳи гузариш ба сатҳи сифатан нави ҳамкориро идома медиҳанд.
«Шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ заминаи устувори рушди босамари амалҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мост. Ҷузъи муҳими муносибатҳои мо ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд. Ҳамин тавр, дар 8 моҳи соли равон табодули коло миёни кишварҳои мо ба 17% (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) афзоиш ёфт»,- гуфт сафир.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ