Нусратулло Давлатзода

Давлатзода: Ба буҷети давлатӣ 15 млрд 387,0 млн сомонӣ ворид шудааст

Соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 млрд 387,0 млн сомонӣ ворид шудааст.

Ин нуктаро Нусратулло Давлатзода — раиси Кумитаи андоз дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки имрӯз, 16-уми феврал баргузор гардид, қайд намуд.

Маблағи воридшуда нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 594,0 млн сомонӣ зиёд будааст.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ аз солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст.

«Дар ин давра нақшаи ҳамагӣ ду намуд — андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ва андоз аз арзиши иловашуда таъмин нагардид»,- гуфт Давлатзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *