Давлатзода: Парвиз дар моҷаро ширкат надошт

Давлаталӣ Давлатзода, падари Парвиз (Лутфулло) Давлатов рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ки қазияи вобаста ба писараш ва арӯси хонавода «рашки зан нисбат ба шавҳараш» буд.

Парвиз Давлатов ҳамроҳ бо ҳамсараш, Азиза Давлатова, рӯзи 1-уми ноябр бо гумони шиканҷа кардани зани ҷавоне бо номи Мадина Муҳаммадҷонова дастгир шуданд.

Дар бораи Мадина Муҳаммадҷонова маълумоти зиёд дар даст нест. Ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ 32-сола аст ва ҳамроҳ бо Парвиз (Лутфулло) Давлатов дар як ширкати мобилӣ кор мекардааст. Парвиз Давлатов мудири яке аз департаментҳои «Мегафон-Тоҷикистон» будааст.

Давлаталӣ Давлатзода, ки дар гузашта дар мансаби муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили порлумон кор кардааст, гуфт, арӯси хонавода, Азиза Давлатова, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад, «лекин барои чӣ Парвизро гунаҳкор карда истодаанд, ҳеч намефаҳмам.» Сарони додситонӣ то ҳол нагуфтаанд, ки Лутфулло (Парвиз) Давлатов то куҷо дар шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова нақш дорад.

«Аввал ин ки Парвиз дар он моҷаро ширкат надошт. Вай дар Душанбе буд. Ҳодиса берун аз шаҳр рӯй додааст. Аз рӯйи таблограммаи телефонаш ин чиз маълум аст ва Парвиз ҳуҷҷатҳоро ба муфаттишон пешниҳод кардааст. Дуюм, аз замони ҳодиса то рӯзи дастгир шудан, Парвиз ҳар рӯз соати 5-6-и субҳ рафта, аз пайи муолиҷаи Мадина мешуд. Барои ин кор маблағи зиёд ҳам қарздор шудааст, чун бояд ҳар рӯз дору мебурд,» — гуфт Давлаталӣ Давлатзода.

Мақомот ба ҷуз аз хабарномаи кӯтоҳ шарҳи дигаре дар бораи воқеа надодаанд. Дақиқ нест, ки Парвиз (Лутфулло) Давлатов ва Мадина Муҳаммадҷонова бо ҳам чӣ робита доштанд. Дар ширкати «Мегафон-Тоҷикистон», ки ин ду нафар дар онҷо кор мекарданд, аз додани шарҳ худдорӣ варзида, гуфтанд, танҳо бо мактуби расмӣ посух медиҳанд.

Мадина Муҳаммадҷонова дар бемористони «Қарияи Боло» дар ҳолати кома ё беҳушист. Пизишкон мегӯянд, ки бахше аз майнаи сари ӯ зарбаи сахт дидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *