Давои халқии камхунӣ

Камхунӣ бемориест, ки имрӯзҳо бисёриҳоро азият медиҳад. Сабаби асосии камхунӣ — ин паст гаштани сатҳи гемоглобин дар хун мебошад, ки онро бо забони тиббӣ анемия меноманд. Табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ роҳҳои халқии табобати камхуниро пешниҳод мекунад.

Таъкид: Нафароне, ки аз камхунии музмин азият мекашанд, лозим аст, ки ба духтур муроҷиат карда, як маротиба ҷиддан тамоми узвҳои худро ташхис намоянд, чунки инсон бе сабаб, худ аз худ ба камхунӣ гирифтор намешавад. Сабаби анемия метавонад вайрон шудани эритроситҳо, камбудии витаминҳо ва оҳан дар организм, саратони хун, сили шуш, хунравӣ, кирми меъда ва ё ягон иллати дигари узвҳои дарунӣ бошад. Барои он ки аз камхунӣ халос шавед, сарчашмаи бемориро ёфта, онро табобат кардан лозим аст.

Чанд тавсия барои онҳое, ки аз камхунӣ азият мекашанд:

  • Беҳтарин даво барои табобати камхунӣ — ин давое мебошад, ки аз меваю сабзавоти тару тоза тайёр карда шудааст. Шумо метавонед шарбати ним килограмм себ, ним килограмм лаблабӯи сурх ва ним килограмм сабзиро бо воситаи мошинаи меваҷабак (соковижималка) гирифта, дар зарфе андозед ва аз болояш як пиёла асали тоза рехта, нағзакак якҷоя кунед. Ҳар рӯз 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок аз ин даворо якқошуқӣ нӯши ҷон кунед, камхуниро даво мебахшад.
  • Барои рафъи камхунӣ шумо бояд ҷисми худро аз витаминҳои С ва В шодоб гардонед. Бо ин мақсад аз меваи настаран — хуч истифода бурдан мумкин аст. Бегоҳ се қошуқ хучро дар ним литр оби ҷӯш дар термос дам карда монед то саҳар истад. Рӯзона ба ҷойи чой ана ҳамин оби хучро кам-кам нӯшидан гиред ва бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред, дар муддати кӯтоҳ ба худ меоед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *