Даъвои Тоҷиков Зеварнисоро ба сиркохӯрӣ маҷбур кард
Зеварнисо Маҳмадалиева – як зани 28-сола аз деҳаи Катташӯр (Оқгаза)-и ноҳияи Вахш рӯзи 27 май баъди тахриби хонааш аз ҷониби иҷрочиёни суд ба нишони эътироз сирко (уксус) хӯрда, қасди худкушӣ кардааст. Зеварнисо Маҳмадалиева ҳоло дар бемористони ноҳия таҳти табобат қарор дорад. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд. Наздикони Зеварнисо Маҳмадалиева, як зани 28-солаи модари ин ду фарзанд, субҳи якшанбе ба нишони эътироз ба тахриби манзили зисташ сирко хӯрда, қасди худкушӣ кардааст.
Зайниддин Маҳмадалиев, бародари Зеварнисо гуфтааст, ки вақте хонаашро вайрон карданд, Зеварнисо дигар тоқат карда натавонист: «Мо аз додгоҳи вилоят қарори боздошт оварда будем, ки иҷрои ҳукми додгоҳи ноҳияи Вахш барои тахриби хонаи хоҳари моро мутаваққиф мекард. Аммо иҷрочиёни суди ноҳия омада, тамоми чизу чораи хоҳари моро берун партофтанд ва ба дарҳои хона мӯҳр зада, ба тарафи даъвогар — чӯпон Ӯроз Тоҷиков – иҷозат доданд, ки худаш метавонад манзили хоҳари моро вайрон кунад. Хонаро дар ин чанд рӯз вайрон карданд ва субҳи 27 май, вақте охирин деворашро вайрон мекарданд, хоҳарам дигар тоқат накарда, сирко хӯрдааст.” Зеварнисо Маҳмадалиеваро баъди ин қасди худкушии эътирозиаш ба бемористони марказии ноҳия бурдаанд ва ӯ ҳоло таҳти табобат қарор дорад. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин меноманд. Иҷрочиёни суди ноҳияи Вахш моҳи апрел таҳдид карда буданд, ки бо экскаватор манзили Зеварнисо Маҳмадалиеваро дар деҳаи Катташӯр (Оқгаза)-и ҷамоати Машъал вайрон мекунанд. Замини ин модари танҳоро, ки падараш ба ӯ васият кардааст, Ӯроз Тоҷиков ном чӯпон аз худ карда, мехоҳад онҷо барои рамааш бошишгоҳ (қӯтан) дуруст кунад. Ин чӯпони лақайтабор гуфтааст, ки ӯ чӯпони рамаи қудои президент Ҳоҷӣ Шариф аст ва касе бо вай баробар шуда наметавонад.
Зайниддин Маҳмадалиев мегӯяд: «Хоҳари мо бо талаби адолат дари тамоми идораҳоро кӯфт – идораи ҷамоат, ҳукумати ноҳияву вилоят, суди ноҳияву вилоят, пеши Соҳибовҳо ҳам, ки ин чӯпон аз номи онҳо дағдаға мекард, рафт. Вале касе ба додаш нарасид ва ӯро, ки модари танҳои аз шавҳар ҷудошуда аст, бо ду кӯдаки хурдсолаш хонабардӯш карда, дар кӯча партофтанд. Бечора ягона илоҷро дар худкушӣ дид. Охир, наход дар Тоҷикистон дар ягон ҷо адолат набошад?” Шояд баъд аз ин ҳодиса суд парвандаи Зеварнисоро дубора бинад?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ