Даври ҷумҳуриявии фестивали атласу адрас дар Душанбе
22 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивал ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ доир мегардад.
Ҳамзамон, ин фестивал ба тарғиби фарҳанги матоъҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии атласу адраси ватанӣ ва муайян намудани истеъдодҳои нав байни тарроҳони ҷавон ва чирадастони моҳир мусоидат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ