Даври аввали қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то 30 апрел идома мекунад

Дар Тоҷикистон даври аввали қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ идома дорад.

Аз 3 март то 30 апрел шахсоне, ки хоҳиши дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани маълумоти касбиро доранд, метавонанд ба шӯъбаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт, тартиби қабули ҳуҷҷатҳо пулакӣ буда, барои хатмкунандагони синфҳои 11 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2025 370 сомонӣ муайян шудааст.

Бақайдгирӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9 каме арзонтар, яъне ба 320 сомонӣ баробар аст.

Бино ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон, имсол дар маҷмӯъ, 4 марҳилаи бақайдгирӣ пешбинӣ шудааст. Марҳилаи аввал дар фасли баҳор, дуюм дар тобистон ва инчунин ду марҳилаи дигар дар тирамоҳ мегузарад.

Ҳоло дар 43 шаҳру ноҳияи кишвар ҳамагӣ 47 шуъбаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон таъсис ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image