Даври дуюми озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз мешавад
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-уми июл дар ҷумҳурӣ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардида, то нимаи аввали моҳи август идома меёбад.
Даври дуюми озмун дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мешавад.
Даври дуюми озмун тибқи нақша дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз 25-уми июл то 1-уми август, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 1 то 7-уми август, дар маркази ВМКБ аз 8 то 12-уми август, дар шаҳри Ҳисор (аз ноҳияи Файзобод то шаҳри Турсунзода) аз 1 то 5-уми август, дар ноҳияи Рашт (қисмате аз ноҳияи Лахш то шаҳри Роғун) аз 8 то 11-уми август ва дар шаҳри Душанбе аз 15 то 18-уми август доир мешавад.
— Соли равон дар даври якуми озмун 3374 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз ин шумора 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз теъдоди роҳхатгирифтагон тибқи раддабандии синнусолӣ, ки дар низомномаи озмун пешбинӣ шудааст, 742 нафарро аз 12 то 17-сола ва 581 нафарро аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд. Иштироки довталабон дар озмун нисбат ба соли гузашта 381 нафар зиёд аст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ