Даф шавед ба Чуркистони худатон-мегӯяд бо дашном урусзан
Дар Интернет ду видеое нашр шудааст, ки дар он як зани рус дар минтақаи Химкии шаҳри Маскав зодагони Доғистонро бо ибораҳое, чун «чурки”, «шумо ҳамаат террористед”, «дафъ шавед ба Чуркистони худатон” таҳқир мекунад.
Вакили мудофеи доғистонитабор Марат Сагитов дар саҳифааш дар Фейсбук ду видеоро нашр кардааст, ки дар минтақаи Химкии шаҳри Маскав сабт шудаанд.
Дар ин видеоҳо зани ронандае дида мешавад, ки дар як кӯчаи Химки аз мошинаш пойин шуда, бо зодагони Доғистон вориди муноқишаи лафзӣ мешавад.
Ин зан хитоб ба доғистониҳо мегӯяд, «ман мехоҳам ки ҳукумати ман ба ин ҷо ворид шудани одамоне мисли шуморо манъ кунад!”
Як марди доғистонӣ ба вай посух медиҳад, ки «мо ки шаҳрванди Русияем.” Ин зан мепурсад, «кай шаҳрванди Русия шудед?” Вақте мефаҳмад, ки онҳо аз Доғистонанд ва Доғистон як ҷумҳурии тобеи Русия аст, боз ҳам паст наомада, ба ҳамлаи лафзиаш идома медиҳад: «Ман чунин шаҳрвандони Русияро намедонам. Аз кадом Чуркистонед ҳамаи шумо. Чаро ба инҷо меоед?Ман намехоҳам бо шумо, мусалмонҳо, бо шумо, чуркаҳо, дар як ҷо зиндагӣ кунам. Гашта дафъ шавед ба ҳамон Чуркистони худатон!”
Зодагони Доғистон ба ин зан мегӯянд, ки ин гапҳояш ҷиноят аст ва онҳо пулисро даъват мекунанд. Вале зан мегӯяд, марҳамат, пулисро даъват кунанд ва суханони вайро сабт кунанд:»Ман медонам, ки ҳаққам ва касе ба ман чизе барои ин нахоҳад гуфт. Сабт кардӣ? Боз такрор кунам? Ана такрор мекунам: Чурка! Сабт кун, бигир.”
Вакили мудофеъ Марат Сагитов навиштааст, умедвор аст, ки раҳбарони Доғистон, ҳамон гунае ки чанде пеш раҳбарони Чеченистон дар айни чунин ҳодиса аз чеченҳои дар Воронеж таҳқиршуда дифоъ карданд, аз зодагони Доғистон ҳимоят хоҳанд кард.
Марат Сагитов афзудааст, ки ба мақомоти Русия муроҷиат хоҳад кард, то ба зидди ин зан бар асоси моддаи 282-юми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати миллӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кунанд.
Земляки прислали видео как их в Химках обозвали террористами и чурками. За чеченцев в Воронеже заступились власти Чечни, интересно как теперь среагируют власти Дагестана? А мы пока обратимся с заявлением о возбуждении уголовного дела по 282 статье УК РФ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ