ДДҲБСТ соҳиби ихтисосҳои нав шуд

Тибқи динамикаи миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии хориҷӣ аз 8 адади соли 2008-ум ба 68 адад дар соли 2019 зиёд шудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ ба журналистон ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода гуфт.

-“Соли 2019 бо Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв (Қазоқистон), Донишкадаи идоракунӣ, иқтисод ва молияи Донишгоҳи Федералии Қазон, Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгороди Федератсияи Россия ва 8 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои дуҷониба ба имзо расид”- афзуд ректор.

Шарифзода гуфт, бояд бо ин қаноат накард ва миқдори созишномаҳои дуҷонибаро бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба тасвиб расонид.

Ба гуфтаи ректори ДДҲБСТ, дар доираи шартномаҳо ҷиҳати густариши равобити байналмилалӣ 12 сафари устодон ва дар доираи бурсияҳои ҷудошуда 10 нафар табодули донишҷӯён ба давлатҳои хориҷа ба роҳ монда шуд.

Шарифзода аз пешравиҳо дар соҳаи илм ва лоиҳаҳои нав дар ҷодаи ҷорӣ кардани ихтисосҳои ба талаботи рӯзмарра ҷавобгӯ изҳори хурсандӣ карда гуфт: -Дар соли таҳсили 2020-2021 ихтисосҳои информатика, омор, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, санҷиши судӣ, идораи давлат ва ҳуқуқ,соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва маҷмӯан 39 ихтисос ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ДДҲБСТ теъдоди умумии донишҷӯён 7275 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор дар шӯъбаи рӯзона 4418 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона (фосилавӣ) 2671 нафар таҳсил мекунанд.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *