ДДД: Порахӯрру порадеҳро фош намову то 5000 сомон бигир
Донишгоҳи давлатии Данғара барои ошкор кардани омӯзгори порахӯр ва донишҷӯи порадеҳ ҷоизаи пулӣ ваъда кард. Нуралӣ Шоҳиён, раиси Донишгоҳи давлатии Данғара, рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар ин донишгоҳ гуфт, ба хотири “решакан кардани коррупсия” тасмим гирифтанд, ташаббуси ошкор кардани омӯзгору донишҷӯи фасодкорро ба роҳ монанд.
Барои ошкор шудани омӯзгори порагир ба донишҷӯ 3 ҳазор ва барои донишҷӯи порадеҳ 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза пешниҳод мешавад. Нуралӣ Шоҳиён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин маблағҳо аз ҳисоби буҷаи донишгоҳ пардохт мешавад.
барои ошкор кардани омӯзгори порахӯр ва донишҷӯи порадеҳ ҷоизаи пулӣ ваъда кард. Нуралӣ Шоҳиён, раиси Донишгоҳи давлатии Данғара, рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар ин донишгоҳ гуфт, ба хотири “решакан кардани коррупсия” тасмим гирифтанд, ташаббуси ошкор кардани омӯзгору донишҷӯи фасодкорро ба роҳ монанд.
Барои ошкор шудани омӯзгори порагир ба донишҷӯ 3 ҳазор ва барои донишҷӯи порадеҳ 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза пешниҳод мешавад. Нуралӣ Шоҳиён гуфтааст, ки ин маблағҳо аз ҳисоби буҷаи донишгоҳ пардохт мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ