ДДХ:-105 нафар курси омӯзиши забони англисиро ройгон хатм намуданд

“Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарини кишвар ба ҳисоб рафта он дорои 16 факултет,76 кафедра аз руйи 74 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона, 30 ихтисос дар шӯъбаи таҳсилоти ғоибона ва 7 ихтисос дар шӯъбаи таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад” имрӯз замнпи нишасти хабарӣ бо журналистон  қайд кард ректори донишгоҳ  Ҷамшед Ҷӯразода.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ то имрӯз 19710 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 9618 нафар дар шӯъбаи рӯзона таҳсил карда, 851 нафари онҳо тибқи квотаи призидентӣ таҳсили пурсамар доранд. Ҳамасола садҳо донишҷӯён дар озмунҳои байналмилали ширкати варзида сазовори ҷойҳои ифтихори мешаванд. Бо сафоратхонаҳои ИМА,Чин, Фаронса, Ҳиндустон ва Индонезия оид ба барномаҳои таҳсилоти ва шарту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои номбурда мулоқотҳо гузаронида мешавад. Алҳол 21 нафар донишҷӯи  дар донишгоҳ ва донишкадаҳои гуногуни давлатҳои  Чин ва Ҳиндустон таҳсил мекунанд.

Дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2017-2018 хеле назаррас буда 105 нафар омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ курси омӯзиши забони англисиро ройгон хатм намуда дар хориҷи кишвар соҳиби сертификат гардиданд.

                                                                                     Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *