ДДОТ: Ҳимояи 56 рисолаи илмӣ дар як сол
Соли сипаришуда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз тарафи устодону аспирантон ва унвонҷӯён 56 рисолаи илмӣ дифоъ шудааст.
Дар ин бора имрӯз, 27 январ Нуъмонҷон Ғаффорӣ, ректори донишгоҳ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло дар донишгоҳ 3 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии ФР доир ба самтҳои илмҳои педагогика, филология ва география ва 3 Шӯрои олии Комиссияи олии аттестатсионии ҶТ доир ба илмҳои филология, химия ва биология, методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд.
Ғаффорӣ таъкид дошт, ки донишҷӯёни донишгоҳ соли сипаришуда аз рӯйи 13 самти илм барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон дар озмун иштирок карда, соҳиби 8 ҷой ва Дипломи дараҷаи 2-юм гардиданд.
Дастоварди дигаре, ки ректор зикр дошт, ин ба Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ шарафёб гардидани муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия Ҷамила Мӯсоҷонзода мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ