ДДОТ корхонаи коркарди сангҳои қимматбаҳоро фаъол мекунад

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ корхонаи коркарди сангҳои қимматбаҳо ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи номбурда, қаблан чунин як коргоҳ дар донишгоҳ фаъол будааст, аммо бо сабабҳои гуногун он имрӯз кор намекунад. “Ҳоло ин масъаларо бо ҳайати устодон ва мутахассисони соҳаи саноат ҷиддӣ омӯхта истодаем. Замина ҳаст, кадр мерасад, танҳо дубора онро дар шароити имрӯз мувофиқ кардан зарур аст. Ин ҳам як такон ба тадбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф мегузорад»,-гуфт Ғаффорӣ.

Инчунин, ректор иттилоъ дод, ки соли сипаригашта дар назди факултети биологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кафедраи «Биохимия ва генетика» таъсис дода шуд. “Илова ба ин ихтисоси «Таърих. Таърихи дин» дар назди факултети таърих ва ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ» дар назди факултети филологияи тоҷик таъсис дода шуданд”, — афзуд Нӯъмонҷон Ғаффорӣ.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон соли гузашта ду лоиҳаи пешниҳодкардаи донишгоҳи мазкур «Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим» ва «Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ-ҳамчун ангезиши дохилшавӣ ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон» қабул гардида, ин лоиҳаҳо татбиқ шуда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *