ДДОТ мактабҳоро бо устоди мусиқӣ таъмин мекунад
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар соли оянда фаъолияти ихтисоси суруд ва мусиқиро ҷоннок хоҳанд кард.
Ӯ дар иртибот ба суоли хабарнигорон дар мавриди норасоии устодони фанни суруд ва мусиқӣ дар мактабҳои миёна гуфт: “Мо аз миёни навозандагон ва оҳангсозони касбӣ чандин нафарро аллакай ба кор ҷолб кардаем ва ният дорем, ки ихтисоси устоди мусиқиро зиёд кунем, зеро ҳамаи мактабҳои кишвар ба кадр ниёз доранд”.
Нуъмонҷон Ғаффорӣ мегӯяд, ки аллакай ҳамкории донишгоҳ бо ҳунармандон оғоз шуда, самар ҳам овардааст: “Соли равон бахшида ба 90-солагии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо композитор Амирбеки Мӯсо бар асоси матни шоир Хайрандеш гимни ДДОТ эҷод шуд, ки онро шогирдони худи мо дар хори навтаъсисамон иҷро карданд. Хорро бошад, устоди донишгоҳ, ки аз Театри академӣ-драмавии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даъват кардаем, роҳбарӣ мекунад”.
Ба иттилои Нуъмонҷон Ғаффорӣ, феълан дар ДДОТ 78 ихтисос дар зинаҳои бакалавру мутахассис, 27 ихтисос дар шакли таҳсилоти фосилавӣ, инчунин 21 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура амал мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ