ДДТТ: 15-20 фоизи донишҷӯён шартномаи донишгоҳро насупориданд
Имрӯз масъулини Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ ба намоянагони ВАО гуфтанд, ки аз сабаби пандемияи коронавирус дар аввали моҳи май донишҷӯёнро ба таътил ҷавоб доданд ва аз ин сабаб то ин муддат 80-85 фоизи маблағи шартномаи донишҷӯён ҷамъ карда шуду халос.
“Вале бовуҷуди напардохтани маблағи шартномаи донишгоҳ мо донишҷӯёнамонро ба соли таҳсили оянда гузаронидем ва барои напардохтани маблағи донишгоҳ касеро хориҷ накардаем”,- изҳор дошт Зарина Қурбонова, муовини ректори ДДТТ.
Инчунин дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки парки технологии ДДТТ барои кормандону донишҷӯёни донишгоҳ зиёда аз 2000 ниқобҳи тиббӣ омода намуд, ки инро ҳам метавон дар ин вазъият барои толибилмону кормандон кӯмак номид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ