ДДТТ 8 ихтисоси нав таъсис дод

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 8 ихтисоси нав таъис ёфтааст, ки аллакай донишҷӯёни соли аввал дар онҳо таҳсил доранд.

Дар ин бора Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори донишгоҳ имрӯз, 4-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

“Инҳо ихтисосҳои иқтисодиёти бизнеси электронӣ, иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо, менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо, сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо, ҳуқуқи андозу бонкӣ, ҳуқуқи гумрукӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ ва бехатарии иқтисодӣ мебошанд. Ҳадаф аз ташкили чунин ихтисосҳо, пеш аз ҳама мустаҳкам намудани мавқеи донишгоҳ дар бозори таҳсилоти олӣ  мебошад”,-гуфт Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Рректор иброз дошт, ки соли сипаришуда бо мақсади воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, эътирофи донишгоҳ ва дипломи он дар хориҷи кишвар 6 барномаи таълимӣ , аз ҷумла 4 барномаи бакалавр ва 2 барномами магистрӣ аз аккредиттсияи байналмилалӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин, 9 декабри соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи суғурта дода шуд. Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори таълимгоҳ инро ҳам яке аз дастовардҳои муҳим ном бурд. Зеро ин метавонад барои боло рафтани эътибори донишгоҳ дар арсаи байналмилаӣ замина гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *