ДДТТ ба номи А. Синоро 17 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро имсол 1518 нафар донишҷӯ хатм намуда, 17 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Ин нукта зимни ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба муносибати хатми имсолаи донишҷӯёни тиббӣ  баён  шудааст.

Дар ҳамоиши мазкур  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода ва устодону донишҷӯёни ин муассисаи олӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки вобаста ба раванди имтиҳоноти хатм, ки соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1874 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, аз факултети тиббӣ 1164 нафар, аз факултети педиатрӣ 96 нафар, аз факултети стоматологӣ 166 нафар, аз факултети фармасевтӣ 63 нафар ва аз факултети тиббӣ-профилактикӣ 29 нафар хатмкунандагон имтиҳонҳои хатмро бо муваффақият супориданд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 253 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда, 356 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло хатмкардагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар беш аз 50 давлати ҷаҳон фаъолият намуда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *