ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар рейтинг мақоми аввалро гирифт
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино байни донишгоҳҳои тиббии Осиёи Марказӣ, Молдова ва Беларус мақоми аввалро соҳиб шуд.
Ба иттилои ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода, рейтинги беҳтарин донишгоҳҳо соли 2023 аз ҷониби Агентии мустақили аккредатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Дар натиҷа Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар номинатсияи беҳтарин донишгоҳҳои тиббии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Молдова ва Беларус мақоми аввалро ишғол кард.
«Ин ҷоиза аз ҷониби ташкилоти байналмилалии IREG оид ба рейтинги академӣ ва ташаккул тасдиқ шудааст. Ташкилоти мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ HAAP ва IREG шомили Ассотсиатсияи аврупоии кафолати сифат мебошанд», -гуфт ректор зимни нишасти матбуотӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ