ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино: Се бону соҳиби се медал шуд

“Имсол дар хобгоҳҳои мо 70-то ҷои холӣ боқӣ монда буд. Донишгоҳ соҳиби 7 хобгоҳ аст ва тамоми донишҷӯёне, ки барои дарёфти хобгоҳ ба мо муроҷиат мекунанд, бо ҷои зист таъмин мекунем. Танҳо мушкили мо дар ин самт ин надоштани хобгоҳ барои олимони ҷавон аст, ки дар пайи ҳалли он ҳастем”-иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Гулзода Маҳмадшо зимни нишасти хабарӣ.

Ба иттилои ӯ айни замон дар дар Донишгоҳ 9526 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз ин рақам 1052 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ аз 13 давлат мебошанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар дар Форуми занҳои ихтирокори ҷаҳон, дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид,  ки дар он се бонуи   донишгоҳ барои ихтирооташон дар соҳаи тибб соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидианд. Аз ҷумла Ҳалимова Фариза (медали тилло), Мижгона Шуҳратзода Муродова (медали тилло),  Шабнам (медали нуқра) ва инчунин худи донишгоҳ бо ҷоизаи махсус-Шоҳҷоизаи озмуни KIWA, медали тилло, мукофоти махсуси Асосиатссияи ихтироъкорони Олмон ва бо сертификати Ассосиатсияи ихтироъкорони Тайланд барои корҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар тибб сазовор гардиданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *