ДДТТ — донишгоҳе, ки ҷоизаи «Сифати аврупоӣ» дорад!
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз мактабҳои олии муваффақи ҷумҳурӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, гумрук, ҳуқуқи иқтисодиёт, сайёҳӣ ва маркетинг ба ҳисоб меравад. Ҳоло тамоми кӯшишу ғайрати ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баҳри тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва боло бурдани обрӯю нуфузи донишгоҳ равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои муҳими стратегии рушди ДДТТ — ин таҳким ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои олӣ барномаҳои табодули академии донишҷӯёну омӯзгоронро амалӣ намуда, ҳамкориҳои илмию амалиро бомуваффақият густариш дода истодаааст. Айни замон донишгоҳ аз рӯи 36 барномаи таълимӣ, аз ҷумла 3 барномаи таълимашон бо забони англисӣ мутахассис тайёр менамояд.
Донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, 7 бинои таълимӣ, литсей, хобгоҳи 4-ошёна барои омӯзгорону кормандон, ду хобгоҳи 4-ошёна барои донишҷӯён, як толори варзишӣ, ду майдончаи варзишӣ, 3 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 12 кафедраи тахассусӣ ва 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад.
ДДТТ соли 2012 дар ҷумҳурӣ нахустин шуда соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидааст. Соли 2020-ум 4 барномаи бакалавриат ва 2 барномаи магистрии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Инчунин, донишгоҳ консепсияи таълимиро ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ бо донишгоҳҳои хориҷи дуру наздик амалӣ гардонида истодааст.
ДДТТ дар бозори хизматрасонии таълимӣ ҷойгоҳи хосаи худро дошта, оид ба тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Хатмкардагони донишгоҳ на танҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, балки дар ташкилоту ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ низ фаъолияти пурсамар доранд.
Хуллас, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон насли нави мутахассисони баландихтисосеро омода мекунад, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир, дорои салоҳияти баланди касбӣ, ватандӯст ва худшиносу худогоҳ буда, дар пешрафт ва ободию шукуфоии кишвари маҳбубамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор бошанд.
Марҳабо ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон!
Довталабони гиромӣ! Рамзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №106 мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ