ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода: Китоби «Восеъ»-ро бо забони арабӣ тарҷума намудем

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишасти матбуотӣ доир гардида, роҳбарияти донишкада аз фаъолияти шашмоҳаи худ ба хабарнигорон ҳисобот пешниҳод кард. Зимни нишаст ректори донишкада Раҷабзода Маҳмадулло иброз намуд, ки дар нимсолаи аввали сроли равон ду нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 3 нафар докторантура (PhD)-ро хатм намудаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки робитаи донишкада бо давлатҳои хориҷ густариши бештар пайдо кард.  Дар соли хониши сипаригардида 109 донишҷуӣ хориҷӣ дар муассисаи мазкур ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод нисбат ба соли гузашта 99 нафар зиёд мебошад. Асосан ин донишҷӯён аз давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон, Қизғизистон,  Бразилия ва Мисри Араб мебошанд.

Раҷабзода ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дода гуфт, ки донишҷӯёни донишкада китоби машҳури Сотим Улуғзода “Восеъ”-ро бо забони арабӣ тарҷума намудаанд ва он омодаи нашр аст. Номбурда илова намуд, ки донишкада пурра барои гузаштан ба низоми  фосилавӣ омода буда, то ҳанӯз 5 ихтисос аз рӯи ин низом фаъолият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *