Деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мақоми шаҳрак мегирад? (аудио)
Масъалаи ба деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод додани мақоми шаҳрак ва иваз намудани номи он ба “30-солагии Истиқлолият” баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин амал дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки рӯзи 26-уми апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
— Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод додани мақоми шаҳрак ва иваз намудани номи он ба “30-солагии Истиқлолият”, Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, Дар бораи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Дар бораи меъёрҳои андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ барои солҳои 2022-2026, Дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда, Дар бораи таъсиси шӯрои нозирон оид ба назорати амалисозӣ ва идоракунии ҷараёнҳои молиявии суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши нерӯи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, Дар бораи тарифҳо барои истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ ва Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022 муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ