Деҳаи пластикӣ

Бунёди деҳаи “пластикӣ”

Чанд сол пеш шаҳрванди Канада Роберт Бизо ба яке аз ҷазирачаҳои хурди назди Панама кӯчида буд. Ҳини дар он ҷой зистан партовҳои зиёди пластикӣ диққати ӯро ба худ ҷалб намуданд. Соҳили пур аз зарфҳои пластикӣ табъи Бизоро хира месохт, вале баъдтар Роберт роҳи аз партовгоҳи пластикӣ халос шуданро ёфт. Вай қарор дод, ки аз ин зарфҳои пластикӣ биноҳои истиқоматӣ бунёд хоҳад кард.

Ҳамин тавр баъд аз чанд сол дар ҷангалҳои галаҷазираи Бокас-дел-Торо деҳае қад меафрӯзад, ки тамоми биноҳояш аз пластикаанд. Деҳа аз биноҳои истиқоматии якошёна ва дуошёна иборат хоҳад буд.

Роберт Бизо мегӯяд технологияи сохтмони чунин биноҳои “пластикӣ” бисёр сода аст: зарфҳои пластикиро бо тӯрҳои оҳанин бо ҳам пайваст мекунанд ва ҳамаи онҳо дар қаламаҳои оҳанин баста мешаванд. Қаламаҳои оҳанини аз зарфҳои пластикиро ҳамчун деворҳои хона истифода мебаранд. Корҳои боқимонда бо усули сохтмонии муқаррарӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ба қавли Роберт Бизо барои бунёди як бинои истиқоматии якошёна анқариб 10 ҳазор дона зарфи пластикӣ сарф мешудааст. Муаллифи лоиҳа бовар мекунонад, ки биноҳои аз зарфҳои пластикӣ сохташуда ба заминҷунбӣ устувор буда, пластика хонаро салқин нигоҳ медорад.

Барои бунёди деҳаи мазкур 33,5 гектар замин ҷудо карда шудааст. Интизор меравад, ки дар ин масоҳат аз 90 то 120 бинои истиқоматӣ ва биноҳои гуногуни пластикӣ барои фароғату ниёзи бошандагон бунёд хоҳанд гашт.

Одамон аз умри дароз метарсанд?

17 дар сади аҳолии сайёра то 80-солагӣ зистан намехоҳад, тақрибан 17 дар сади дигар омодаанд, ки ҷавон бимиранд,-иттилоъ медиҳад нашрияи «Planet Today».

Ҳар одами шашуми дар тадқиқот иштирок карда иқрор шудааст, ки аз пирӣ метарсад ва то 80-солагӣ зистан намехоҳад.

25 дар сади пурсидашудагон то 90 – солагӣ умр дидан мехоҳанд, боқимондаҳо (58 дар сад) азм доранд, ки то 100 ва аз он ҳам зиёдтар умр бубинанд.

Ҷавобҳои занону мардон новобаста аз он ки занон нисбат ба мардон панҷ сол зиёдтар умр мебинанд, чандон тафовут надоранд.

Дар ҷавоби савол миллати иштирокчиён низ таъсир расондааст, масалан, лотиноамрикоиҳо дар тафовут аз афроамрикоиҳо намехоҳанд ба пирӣ бирасанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *