Декани Донишкадаи тарбияи ҷисмониро барои ришва суд мекунанд  

Агентии  мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҳабибулло Салимовро, ки замони фаъолияташ ба ҳайси декани факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ боздошт гардид, ба додгоҳ ирсол намуд. 

Тибқи иттилои Агентии  мубориза бо фасод, 29 август ба ин ниҳод шаҳрванд «А» муроҷиат карда, арз доштааст, ки Ҳабибулло Салимов аз ӯ барои дохил намудани шиносаш шаҳрванд «Б» ба гуруҳи буҷавии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ 5 000 сомонӣ талаб намуда истодааст.

Манбаъ афзуд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Салимов дар дохили автомашинаи тамғаи Инфинити-130, баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 5000 сомонӣ дастгир карда шуд: “ Маблағ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид”.

Агентӣ  таъкид намуд, ки вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Салимов Ҳабибулло бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *