Декани «медколеҷ»-ро бо пора дастгир намуданд

Агентии мобириза бар зидди  корупссия дар Тоҷикистон,  Муҳаммад Турсунов, декани факултаи “Корҳои тиббӣ-ташхисӣ”-и муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро бо айби гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ боз намуда онро  ба додгоҳ ирсол кардааст

Тавре дар сомонаи расмии агентӣ омадаас:  «Номбурда 25 сентябри соли 2018 баъди аз донишҷӯ “А” гирифтани 2500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд”, — омадааст дар иттилоияи.

Инчунин муайян шудааст, ки Турсунов ба ҳайси декани факултаи “Корҳои тиббӣ-ташхисӣ”-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ моҳи ноябри соли 2017 низ аз донишҷӯи факултаи таҳти идорааш барои пардохт намудани маблағи фарқияти фанҳо 2000 сомонӣ гирифта, аз ин миқдор 772 сомониро ба хазинаи коллеҷ супоридаасту  1228 сомонии боқимондаро тасарруф намудааст.

Агентӣ таъкид намуд, ки тафтиши парванда алайҳи Турсунов бо иттиҳоми қаллобӣ анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *