Демаркатсия. Вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон барпо мешавад

Аз 21 то 28-уми августи соли 2023 дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардидаанд.

— Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *