Департаменти фурӯш. Аз низоми биллинг то коҳиши талафоти барқ
Департаменти фурӯш ва маркетинг дар сохтори Ширкати “Помир Энерҷӣ” бахши муҳим ба ҳисоб рафта, барои муштариёни ВМКБ дар таъмини қувваи барқ нақш мегузорад.
Вазифаи асосӣ дар назди Департамент ин кам кардани талафоти қувваи барқ, ҷамъоварии маблағ ва кор бо муштариён мебошад. Отамшо Хушқадамов, директори Департаменти фурӯш ва маркетинг вобаста ба фаъолият ва дастовардҳои ин сохтор андешаашро чунин баён дошт:
— Мо айни замон 35219 муштариёни қаламрави ВМКБ-ро бо қувваи барқи хушсифат таъмин карда истодаем. Аз моҳи декабри соли 2014 системаи нави биллингӣ ҷорӣ карда, ҳамаи ҳисобу китоб бо муштариён тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд, ки ин шаффофияти корро таъмин намуда истодааст. Айни ҳол дар давоми якуним рӯз нишондоди ҳисобкунакҳо ба таври электронӣ сабт шуда, ба базаи биллингӣ ворид карда мешавад. Пардохти маблағи 99,76%-и муштариён бошад, ба таври электронӣ сурат гирифта истодааст. Боиси тазаккур аст, ки камбудиҳои бисёре, ки дар фаъолияти мо ҷой дошта буданд, бо амалӣ намудани системаи замонавии биллингӣ бартараф карда шуданд. Аз он ҷумла талафоти қувваи барқ, ки дар соли 2006 дар шабакаҳои Ширкат 39%-ро ташкил медод, то 10,73% кам карда шуд. Аз соли 2007 сар карда, ҳамаи ҳисобкунакҳои муштариён бо мақсади аз байн бурдани дахолат аз дохили хонаҳо ва ҳавлиҳо бароварда, дар сутунҳои барқӣ насб карда шуданд. Ҳамин буд, ки муштариён ба кору фаъолияти Ширкат эътимод ҳосил намуда, маблағи сарфиёти барқро сари вақт пардохт менамоянд.
Дар шабакаҳои ноҳияҳои вилоят ноқили махсуси СИП-кабел насб карда шуд, ки ин эътимодияти таъмини қувваи барқро боз ҳам беҳтар намуд. Барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён дар маркази ҳамаи ноҳияҳои вилоят Марказҳои хизматрасонии муштариён ташкил карда шуданд.
Бо мақсади кам кардани талафоти техникии барқ трансформаторҳои тавониашон калон ба трансформаторҳои тавоноии хурдтар иваз карда шуда, бо ҳамин сифати қувваи барқ баланд бардошта шуд. Умуман мо ният дорем, ки бо ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти соли ҷорӣ сатҳи талафоти барқро дар шабакаҳои Ширкат то 10% кам намоем ва дар оянда кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки фоизи ин талафот ба сатҳи ҷаҳонӣ, яъне ба 9% расонда шавад.
Ширкат дар баробари фаъолияти асосӣ боз бар дӯши худ иҷрои вазифаҳои иҷтимоиро низ дорад. Яке аз чунин вазифаҳо ин кӯмак ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии воқеъ дар ноҳияи Рӯшон мебошад. Ширкат ҳар сол барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таҳсили тарбиятгирандагони ин мактаб маблағҳои заруриро ҷудо намуда, дар пешорӯи ҳар як иду ҷашнҳо барои 300 нафар тӯҳфаҳо тақдим менамояд. Ба оилаҳои камбизоат барои ҳалли мушкилоти гуногуни зиндагиашон дар асоси дархости онҳо дасти кӯмак дароз менамояд.Яке аз вазифаҳои иҷтимоии дигари ширкати мо ин фарогирии хонандагони синфҳои 1 то 4 бо дарси шоҳмот мебошад. Айни замон дар макотиби шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон 1653 нафар хонандаи синфҳои поёнӣ ба дарсҳои шоҳмот фаро гирифта шуда, барои онҳо 38 нафар муаллимони шоҳмот нозукиҳои ин бозии шавқовару аз ҳар ҷиҳат фоиданокро меомўзонанд. Ҳар сол бо фарорасии таътили зимистонаю тобистона байни хонандагон мусобиқаҳои шоҳмот баргузор карда шуда, ғолибон бо ифтихорномаҳою мукофотҳои гуногун сарфароз гардонда мешаванд.
Саодат Розиқзода, «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ