«Депор»-и киҳо бекор карда мешавад
Боз 20 муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла 3 кӯдакро тавассути фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки барои ҳамаи онҳо бо пули худашон билет гирифтаанд ва аз буҷаи Русия барои ихроҷи ин 20 нафар ягон сӯм харҷ нашудааст.
Хадамоти приставҳои вилояти Свердловски Русия мегӯяд, 17 шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳҳои Русия ба далели вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар маҳкум ба ихроҷ карда буданд ва ба хотири аз ҳам ҷудо накардани оилаҳо кӯдакони онҳоро низ ҳамроҳашон фиристодаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, пули билети ин 20 нафар аз ҳисоби худи онҳову хешовандонашон ва кумаки ҷамъиятҳои тоҷикон ҷамъ шудааст ва аз буҷаи Русия сарфе барои таъмини ихроҷи ин 20 шаҳрванди Тоҷикистон нашудааст.
Ихроҷи боз як гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар ҳолест, ки бино ба ҳисоби мақомоти он кишвар, шумори муҳоҷирони хориҷие, ки ба рӯйхати сиёҳи Русия афтода, аз ҳаққи сафар ба он кишвар маҳрум шудаанд, ба 1,7 миллион нафар расидааст.
Беш аз 300 ҳазор, ё тақрибан ҳар нафари панҷум аз ин мардуми мамнӯъулвурудро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Ихроҷи ҳар муҳоҷир аз Русия барои кишварҳои муҳоҷирфиристе, чун Тоҷикистон ба маънои аз як манбаи асосии таъмини хонаводааш маҳрум шудани дастикам як оила аст.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош доранд, ки ба афви муҳоҷирони худ дар Русия ноил шаванд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар поёни моҳи декабр дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар миён гузошт.
Владимир Путин, ки рӯхҳои 27-28 феврал бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, гуфт, ки «мо ин масъаларо баррасӣ кардем. Дар умум роҳи ҳалро ёфтем ва бар асоси тавофуқоти бадастомада бо раисиҷумҳури Тоҷикистон кор хоҳем кард.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ