Депортатсияи қариб аз 1000 муҳоҷири тоҷик аз як минтақаи Россия
Дар соли 2016 танҳо аз минтақаи Югра (ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси)-и Русия қариб 1000 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардаанд.
Дар Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон – 18 декабр – аз минтақаҳои гуногуни Русия асосан дар бораи ихроҷи гурӯҳҳои навбанави муҳоҷирон гузоришҳо ба даст мерасанд.
Хадамоти приставҳои ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси – Юграи Русия рӯзи 18 декабр хабар доданд, ки аз аввали соли 2016 танҳо аз ин минтақа 1916 муҳоҷири хориҷиро ба далели надоштани иҷозатномаи зиндагӣ ва кор дар Русия ихроҷ кардаанд. 918 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, 340 нафар аз Қирғизистон ва 339 тани дигар аз Узбекистон будаанд.
Хадамоти приставҳои Югра мегӯяд, 164 муҳоҷири дигар, низ аксаран аз Осиёи Марказӣ, дар боздоштгоҳ дар интизори ихроҷ аз қаламрави Русия истодаанд.
Югра бо 2000 муҳоҷири ихроҷшуда яке аз минтақаҳои «чемпион”-и Русия дар мавриди аз қаламрави ин кишвар берун кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ шинохта мешавад.
Як «чемпион”-и дигар вилояти Новосибирск будааст. Хадамоти приставҳои Новосибирск зимни натиҷагирии як соли ахири фаъолияташ хабар дод, ки аз аввали сол аз ин вилоят беш аз 500 муҳоҷири ғайриқонуниро берун кардаанд. 20 дарсади онҳо, ё беш аз 100 нафар муҳоҷирони тоҷик будаанд.
Аммо дар Новосибирск аз ҳама бештар муҳоҷирон аз Узбекистон ҳадафи таваҷҷӯҳ қарор доштаанд. 60 дарсад, ё беш аз 300 нафар аз ҷамъи муҳоҷироне, ки дар соли 2016 аз қаламрави ин вилоят берун карда шудаанд, аз Узбекистон будаанд.
Кишвари Ставропол аз ихроҷи беш аз 40 муҳоҷир дар чанд рӯзи охир хабар дод. Мақомоти вилояти Омск мегӯянд, аз аввали сол 238 муҳоҷири хориҷӣ, аксаран аз Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбекистонро аз қаламрави Русия берун кардаанд.
Вилояти Тюмен мегӯяд, то 12 декабр аз ҳудуди ин вилоят 638 муҳоҷири хориҷиро берун кардаанд. Танҳо дар ду рӯзи 11 ва 12 декабр аз Тюмен 19 муҳоҷирро берун андохтаанд: Рӯзи 11 декабр 11 шаҳрванди Тоҷикистон иҷборан тарки Тюмен кардаанд ва 12 декабр – 8 муҳоҷири узбек.
Русия бо шадид кардани қонунҳои муҳоҷираташ аз соли 2011 ба ин тараф шеваи ихроҷ ё берун кардани муҳоҷиронро пеш гирифтааст. Ба асоси қонунҳои Русия, муҳоҷиронро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва кор дар ин кишвар ва ҳатто барои қоидавайронкуниҳои хурду резае, чун бо суръати баланд рондани мошин, ё насупоридани пули хидматҳои коммуналӣ ё телефон метавонанд ба рӯйхати сиёҳ дароварда, аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум кунанд.
Муҳоҷирони хориҷӣ маъмулан барои муддати аз 3 то 5 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум мешаванд, вале дар ҳолатҳои ҷиддитар ҳукми ихроҷ метавонад 10 ва ҳатто 20 сол ҳам бошад. Барои онҳое ки бо вуҷуди манъи вурудашон ба Русия, талош мекунанд бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо иваз кардани ному насаб, боз ҳам ба ин кишвар баргарданд муҷозоти сангин ва ҳатто ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ