Депорти тоҷикон ғайриқонунӣ аст!

Гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик аз мақомоти рус хостаанд, амали маъмури пулиси шаҳри Любертси назди Маскавро, ки онҳоро “чурка” хонда, лату кӯб ва ғайриқонунӣ боздошт намудааст, бисанҷанд.

Тибқи иттилои Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик “Этмос” ҳақталошии тоҷикон бо он анҷомид, ки онҳоро депорт намуданд, то аз шоҳидони амали ғайриқонунии пулис халос шаванд. Ба гуфтаи Ёров ва бар асоси аризаи гурӯҳи 6 нафараи муҳоҷирони тоҷик, онҳо тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро доштаанд, аммо новобаста ба ин ҳар моҳ нозири минтақавӣ аз онҳо маблағ меситонидааст: «Рӯзи 18-уми январ, вақте нозири минтақавии қаблӣ ба таътил меравад, ба ҷои ӯ дигар нозир омада, аз муҳоҷирон маблағ талаб кардааст, вале яке аз муҳоҷирон, ки дорои шаҳрвандии Русия мебошад, аз нозир талаб кардааст, ки нахуст ҳуҷҷатҳои худро нишон диҳад. Нозир ба ғазаб омада, ӯро лату кӯб карда, муҳоҷирони дигарро «чурка» гӯён, таҳқир карда, таъкид намудааст, ки ба касе чизеро нишон намедиҳад ва ҳамаро соати 8-и субҳ ба шуъбаи пулиси “Любертси-1” мебарад”.
Раҳбари “Этмос” афзуд, вақте ҳамроҳи Валентина Чупик, ҳуқуқшиноси ройгон, соати 9-и бегоҳ ба ин шуъбаи пулис ҳозир шуданд, муайян шуд, ки муҳоҷирон бидуни ягон қайд давоми беш аз 12 соат бе ғизо, об ва ҳоҷатхона нигоҳ дошта шудаанд: “Вақте ҷонишини сардори шуъбаи пулис натавонист ягон сабт ё асоси боздошти муҳоҷиронро нишон диҳад, як пулиси дигар барои зиёдаравии маъмурин узр хоста, афзуд, ки нофаҳмӣ шудааст. Он пулис гуфт, ки гӯиё ҳамсояҳо аз ғавғои муҳоҷирон шикоят карда бошанд, ки ин ҳам нодуруст аст”.
Ба гуфтаи Каримҷон Ёров ду рӯз баъди ин ҳодиса нозири минтақавӣ боз ба маҳалли зисти муҳоҷирон омада, 3 муҳоҷири ҳузурдоштаро бо худ бурда, “депорт” кардааст: “Онҳоро то бегоҳ дар шуъба нигоҳ дошта, ба додгоҳ танҳо шиносномаҳои онҳоро пешниҳод мекунад, ҳол он ки  муҳоҷирон бо худ патент, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ барои зист, картаҳои муҳоҷирӣ ва бонкӣ доштаанд, ки нозири минтақавӣ онҳоро гирифтааст”.
Ёров афзуд, ҳақталошии тоҷикон бо он анҷомидааст, ки феълан 3 нафар аз ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда, ду нафари дигарашон дар боздоштгоҳи махсус нигаҳдорӣ мешаванд.
Вакилони ройгони ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон муътақиданд, ки депорти тоҷикон ғайриқонунӣ аст: “Дар ҳоле, ки муҳоҷирон ба додгоҳи болоии Маскав шикоят бурданд, пулис ва додгоҳ ҳуқуқи ихроҷи онҳоро то замони ҳукми Додгоҳи болоӣ надорад. Вақте мо ҳуҷҷатҳои тартибдодаи онҳоро дидем, дар он ҷо навишта шуда буд, ки гӯиё муҳоҷирони тоҷик муҳлати зиёд аз Русия набаромадаанду дар қайд набуда, аз қарори пешинаи додгоҳ сарпечӣ кардаанд, лекин ин нодуруст аст ва депорт кори дасти масъулини Шуъбаи пулиси рақами 1 шаҳри Любертский мебошад”.

         

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *