Дэррен Тис, сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Дэррен аз моҳи августи соли 2019 дар вазифаи Сухангӯи сафорат, ки инчунин масъулияти паёмрасонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, робита бо ВАО ва Марказҳои амрикоиро дар бар мегирад, ифои вазифа карда истодааст. Дэррен қаблан табодули барномаҳои фарҳангӣ ва илмиро дар консулгарии ИМА дар Владивостоки Русия ва дар сафорати ИМА дар Кобули Афғонистон бар уҳда дошт.​

Ҳамчунин, Дэррен Тис ба ҳайси корманди консулгарӣ дар Руминия низ кор кардааст ва сафари аввалини худро ҳамчун дипломат дар Тоҷикистон аз соли 2010 то 2012, ба барномаҳое, ки ба таҳкими амнияти марзӣ ва волоияти қонун мусоидат кардаанд, хидмат ва саҳм гузоштааст.

Дэррен аз шаҳраки хурди Делавани иёлоти Висконсин мебошад. Дэррен ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳ, таърих, забонҳои форсӣ, ҳиндӣ ва испаниро омӯхтааст. Пеш аз дипломат шудан, Дэррен инчунин ба ҳайси мураббии футбол, муаллим, инструктори лижаронӣ ва ронандаи автобус кор кардааст. Дэрренро дар Душанбе ҳамсараш — Римма ва ду фарзанд — Леон ва Фелина ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамсари Дэррен, Римма инчунин дар сафорат кор мекунад ва устоди тасдиқшудаи (сертифицырованный) йога мебошад.

Таассурот дар бораи Тоҷикистон:

«Тоҷикистон як макони воқеан беназир, бо манзараҳои зебо ва мардуми хеле меҳмоннавозаш аст. Ман тақрибан ба ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ба кӯли Сарез, кӯҳҳои Фон, водии Рашт, Чил-Духтарон ва пиряхи Зарафшон сафар кардаам ва ҳар як сафар саёҳате буд, пур аз вохӯриҳои дӯстона ва манзараҳои зебо. Маро сокинони деҳот ва чӯпонҳо дар саросари кишвар меҳмоннавозӣ мекарданд, хӯрокҳои болаззат ва катҳои бароҳатро аз ҷониби одамони одӣ, ки маро намешинохтанд ва ё омадани маро ба шаҳрашон интизор набуданд, пешниҳод мекарданд.

Мардуми Тоҷикистон хонаҳо ва қалбҳои худро ба рӯи ман боз карданд ва ман ҳамеша дар ин ҷо истиқбол ба худро ҳис мекардам. Ҳатто дар мағозаи хӯрокворӣ коргарон ба сӯи шумо табассум мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки ба шумо кӯмак расонанд. На дар ҳамаи кишварҳо чунин аст. Дар асоси таҷрибаҳои хубу хуше, ки ман дар ин ҷо доштам, худ ва оилаам мӯҳлати будубоши худро аз ду то чор сол дароз кардем.»​

Таҳияи Бахтовар Сафаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *