Деваштич: Ду чӯпонро куштанду ба ҷарӣ партофтанд

7-уми феврал тахмин соатҳои 17:00-17:10 дақиқа ду чӯпони сокини ҷамоати Ростровути ноҳияи Деваштичро (пештара Ғончӣ) ба қатл расониданд. Ҳарду марҳум сокинони ҷамоати Ростровут буда, Баҳром Ҷӯраев, сокини деҳаи Хишекат ва Абдувосит Мирзоев сокини деҳаи Дахкат мебошад, ки номбурдагон  аз дасти ду сокини деҳаи Дахкати ҳамин ҷамоат-Саймулло Мирзораҳимов ва Зуҳриддин Боқиев ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфти як манбаи боэътимод аз ҷамоат баъди ба марг ҷасади марҳумонро ба ҷарии деҳаи Дахкат партофта будаанд,  ки пас аз як шаби ҳодиса, яъне 8-уми феврал онҳоро ба хок супурдаанд.  

Лутфулло Давлатов, муовини раиси ҷамоати Ростровут дар ротиба ба ин ҳодиса гуфт, ки мақомоти милитсияи ноҳия гумонбарони ин куштор Саймулло Мирзораҳимов ва Зуҳриддин Боқиевро бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор дастгир кардаанд.

Тафсилоти бештар, сабабҳои ҳодиса,  чи робита доштани марҳумону гумонбарон ва дигар ҷузъиёти ҳодисаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон ” мутолиа намоед.

                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *