Деваштич: Хусур келинро бо корд кушт ё офтоба?
Санаи 02. 06. 2016 дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) хабари кушта шудани келин аз дасти хусур сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Бо вуҷуди аз рух додани ин ҳодиса моҳҳо сипарӣ шудан, то имрӯз сару садо ва тахмину гумонҳо атрофи ин воқеаи хунин кам нагардида буд.
Ба қавле ҳар рӯз як гапи нав аз замин мерӯид. Яке ҳодисаро ба ҷанҷоли хонаводагӣ рабт медод, дуюмӣ ба проблемаи манзил, сеюмӣ ба сабукпоии келину чорумӣ ба сабуксории хусур. Хулас ин ва ин монанд шубҳаву гумонҳо кам набуданд. Хусур бо кадом олот келинро аз ҳаёт маҳрум карданаш ҳам барои мардум мавзӯи баҳсро мемонд, ки яке бо корд мегуфт, дигаре бо офтобаю, сеюмӣ буғӣ карда куштааст гуфта ба ҳайрат нақл мекарду чорумӣ ба сараш бо мушту лагал зиёд зада куштааст гуфта ба соҳибони он дасту пой лаънат мехонд.
Хуласи калом оид ба ҳодисаву олоти ҳодисасоз сару садоҳо зиёду гуногун буданд. Аз ин рӯ бо вуҷуди аз вуқӯи ҳодиса моҳҳо сипарӣ шудан иқдом гирифтем ба ҷои ҳодиса рафта асли он ва шарҳашро аз забони наздикону пайвандони ҳарду хонавода шунавем…
УмарВазиров, падари марҳум: Оилае, ки мо духтарамонро худӣ гуфта бо дилпурию хурсандӣ додем амакбачаи занам буданд. Аслан ҳарсе амакҳои ҳамсарам, ки бо мо рафтуо доштанд духтарамро маъқул карда ӯро талабгор шуданд. Аммо аз байни ҳарсе додарон мо муаллимро қабул кардему ба амри тақдир ба оилаи Абдуманнон Бурҳонов духтарамонро додем. Фикр кардем, ки онҳо сару гӯши кам ҳастанду ғаму ғурбаташон камтар. Вале як оиларо аз берун дида баҳо додан хатои маҳз будааст.
Идомаи сӯҳбат бо волидони марҳум ва масъулинро шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ