Деваштич: Куштор дар рӯзи зодрӯз мардро паси панҷара бурд
Марде аз ноҳияи Деваштич дар рӯзи зодрӯзаш дӯсташро ба қатл мерасонад. Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 47-солаи сокини маҳаллаи Файзобод, шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич Аброров Эҳром Зайниддинович ном мебарад.
Вазорат хабар медиҳад, ки “моҷаро байни онҳо аз сабаби баррасии муносибатҳои оилавии соҳибхона сар задааст, ки аз зану фарзандон ҷудо зиндагӣ мекард”.
Гумонбар дар рӯзи зодрӯзаш бо марҳум — сокини 50-солаи ноҳияи Деваштич Олимҷон Баҳром нӯшокии спиртӣ менӯшанд. Баҳс миёни онҳо боис мешавад, ки соҳибхона дар ҳолати мастӣ ӯро бо корд занад.
Гумонбар дар аввал ҳодисаи ба амал омадаро марги табиӣ нишон дода, ҷасадро тавассути ёрии таъҷилӣ ба хонаи марҳум мебарад ва ҳангоми шустушӯ маълум мегардад, ки дар бадани ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ аст ва Эҳром Аброров ба хотири даст задан ба ҷинояти одамкушӣ назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ