Деваштич: Муаллим муаллимро зада кӯр кард

Санаи 1. 05. 2017 муаллими ММТУ № 50 -и деҳаи Қаълаи дӯсти ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) Бурҳон Ҳидоятон тахмин 50-55 сола, омӯзгори мактаби мазкур чашми Лоиқ Тӯйчиеви 27-сола зада нобино кард. Айни ҳол ҷабрдида дар шӯъбаи чашми беморхонаи марказии вилояти Суғд бистарӣ аст.

Худи ҷабрдида иброз медорад, ки Ҳидоятов ӯро бо зарби мушт зада ба ин ҳол гирифтор кардааст, аммо мудири шӯъбаи амрози чашми вилоят Комил Икромов ашёе, ки чашм аз зарби он кафидааст чизи дигар арзёбӣ мекунад.

Ба гуфти сардори ШВКД-и ноҳияи Деваштич  Пиров М.К. ҳодисаи муноқиша байни ду омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи №-50 –и деҳаи Қалъаи дӯсти ҷомоати Ваҳдат санаи 1. 05. 2017 рух дода, дар натиҷа омӯзгори ҷавони муассисаи мазкур Лоиқ Тӯйчиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дидааст. Айни замон нисбати  Бурҳон Ҳидоятов  мазкур бо қисми 2-и моддаи 110 Кодекси  ҷиноятии ҶТ боз шуда, номбурда дар боздоштгоҳ қарор дорад.   

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                                                                     Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *