Деваштич: Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Нусратпошшо Тӯраева ва Дилбар Бурҳонова хабар гирифтааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ ва шарҳ додааст, ки “Нусратпошшо Тӯраева ҳамсари собиқ раиси ноҳияи Деваштич Абдумалик Қаюмов аст. Абдумалик Қаюмов солҳои 1994-2002 дар вазифаи раиси ноҳия кору фаъолият намуда, барои хизматҳои шоистааш бо як қатор мукофоти давлатӣ қадршиносӣ шудааст. Мавсуф соли 2011 аз олам даргузашта буд. Нусратпошшо Тӯраева ва Абдумалик Қаюмов соҳиби 6 фарзанд, 18 набера ва 4 абера мебошанд ва ин бонуи соҳибтаҷриба фарзандону наберагони худро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатпарастӣ тарбия намудааст. Дилбар Бурҳонова бошад, солҳои зиёд дар соҳаи хизмати давлатӣ кор кардааст. Ӯ соли 1965 дар ҳукумати ноҳияи Деваштич фаъолиятро оғоз намуда, баъдан солҳои 1966 — 1986 ба ҳайси мутахассиси омор оид ба кадрҳои ҳукумати ноҳия ва сипас чун мудири бахши САҲШ-и ноҳия кор кардааст. Мавсуф соҳиби 5 фарзанд, 8 набера ва 3 абера аст”.
— Раиси вилоят зимни суҳбат ба модарони нуронӣ аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии занону духтарон ва қадршиносии собиқадорони меҳнат ёдовар шуда, ба аёдатшудагон зиндагии орому осуда орзу намуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ