Деваштич: Сари аз тан ҷудои Дилбарро аз даруни лой ёфтанд (Муфассал)

 

Хабари дар заводи хиштбарории Деваштич зери дастгоҳ монда, аз тан ҷудо шудани сари Дилбар ном коргари ин коргоҳ барқсон паҳн гашта, на танҳо сокинони Вилояти Суғд, балки тамоми мардуми тоҷикро ба даҳшат овард.

Бисёриҳо пас аз хондани ин хабари даҳшатангез аз сомонаҳои иттилоотӣ мегуфтанд, ки журналистон воҳима кардаанд, зеро аз тан пурра ҷудо шудани сари инсон кори осон нест. Эҳтимол теғи дастгоҳ ба кадом қисмати гардани зан расида бошад…

Барои фаҳмидани он ки фоҷиаи Дилбар “воҳима”-и журналистон аст ё ҳақиқати талх, мо роҳи деҳаи Деваштичро пеш гирифтем.

Як ҳодисаю сад гумон

Раҳораҳ назари одамонро нисбати ин фоҷиа пурсон шудем. Яке занро дар саросемагӣ айбдор мекард, дуюмӣ масъулини техникаи бехатарии заводро гунаҳкор медонист, сеюмӣ санги  маломатро ба сӯйи ҳамкорони марҳум ҳаво дода мегуфт, агар онҳо дарҳол барқро хомӯш мекарданд, шояд кор то ин дараҷа намерасид. Нафароне низ буданд, ки фоҷиаи ба сари ин зан омадаро аз тақдиру насиб дониста мегуфтанд: “Худо аз рӯзи азал дар пешонии инсон чизе, ки навишта бошад, онро надида имкон надорад!” Бархе аз ҳамсуҳбатони мо вазъи маиширо сабаби ин ҳодиса дониста, ба камбағалию нодорӣ лаънат хонда мегуфтанд: Наход зан-модар, ки ҷинси латиф аст, дар хиштзавод кор карда, мард барин лой шӯрад, лой барорад, ғарам-ғарам хиштро тал занад…”

Сарнавишти талхи духтари зарафшонӣ

Деҳае, ки Дилбари ноком он ҷо зиндагӣ мекард, Зарафшон ном дорад. Зарафшон маънии кони зар, сарзамини пур аз ганҷу сарватро дошта бошад ҳам, ҳаёти ин духтари зарафшонӣ аз оғоз дар анҷом ба сахтӣ гузаштааст. Дилбари номурод як умр аробаи гарони зиндагиро ба танҳоӣ кашида, бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ меёфт, вале…

Хурсандой Собирова:

Хоҳарам зан бошад ҳам, иродаи мардона дошт

Рӯзе, ки мо ба манзили марҳум омадем, хешу табор ҷамъ шуда, маъракаи мотамии ҳафти Дилбари номуродро мегузарониданд ва аз чашми ҳама пайвандони ин зани шаҳид ашки хунин мерехт. Пас аз баён намудани ҳамдардӣ ва изҳори тасаллият мо аз пайвандони марҳум хоҳиш намудем, ки чӣ тавр рӯй додани ин ҳодисаи нохушро нақл кунанд. Хурсандой, хоҳари марҳум оҳи сард кашида, бо чашмони ашкбор чунин қисса кард:

-Шавҳари Дилбар 23-сол пеш аз олам гузашта буд, вале хоҳари вафодорам ба хотири фарзанди ягонааш Нилуфарҷон, ки ҳамон вақт нав шашмоҳа буд, дубора ба шавҳар набаромад. Хоҳараки аз зиндагӣ наосудаам умрашро бо меҳнати сангин гузаронд, то фарзандаш эҳсоси бе падарӣ накунад. Дилбарро Худованд зан офарида бошад ҳам, ба ӯ иродаи мардона ато карда буд. Нилуфар бо шарофати модараш аз духтарҳои падардор беҳтар зиндагӣ карда, гули чизро мехӯрду гули чизро мепӯшид. Дилбар бо сад орзую ҳавас духтарашро ба донишгоҳ дохил намуд, то Нилуфар соҳиби маълумоти олӣ гашта, дар зиндагӣ азоб накашад. Ҳамин сол ҷиянам донишгоҳро хатм кард. Нав вақти аз зиндагӣ осудани хоҳаракам расида буд, вале тақдири бераҳм имкон надод, ки Дилбари номурод роҳати фарзанди бо садҳо ранҷу азоб ба воя расонидаашро бубинад…. (Хурсандойро гиря гулӯгир мекунад)

Дилбарро зорикунон ба кор бурданду…

Хоҳаратон ба наздикӣ дар заводи хишт ба кор даромад ё аз аввал дар ҳамон корхона кор мекард?

-Дилбари раҳматӣ  кори  вазнину пурхатари операториро дар заводи хишти ноҳияи Деваштич 35 сол боз иҷро мекард. Коргурез набуд, вале камии маош ва вазнинии кор сабаб шуд, ки аз баҳри завод баромада як муддат дар ошхона кор кунад. Вақте хитоиҳо заводро хариданд, диданд, ки одами дастгоҳро идора мекардагӣ нест, барои ҳамин ба ошхона омада, бо ваъдаи баланд бардоштани маош дубора Дилбарро зорикунон ба кор бурданд, аммо рӯзи 10-уми август, соати 7-и бегоҳӣ дар корхонаи хишт фалокат рӯй дод. Фалокати гӯшношуниде, ки аз диданаш хун дар рагҳои шоҳидон ях баст ва ба гумон аст, ки то охири умрашон онро фаромӯш карда тавонанд…

Сараш аз тан ҷудою дасту пояш пора шуд

-Медонам, ки посух гуфтан ба ин савол барои Шумо бисёр гарон ва дарднок аст, вале онро надода наметавонам, зеро овозаю ҳангомаҳо оиди ин ҳодиса хеле зиёданд. Рост аст, ки дастгоҳ сари хоҳаратонро пурра аз тан ҷудо кардааст ё ягон қисмати гарданашро бурида буд?

-Бовар кунед, манзараи даҳшатборе, ки ман дар заводи хишт дидам, то ҳол аз пеши назарам дур нашудааст ва боварӣ дорам, ки то нафаси охирин ягонтои мо онро фаромӯш карда наметавонем. (Гиря мекунад) Вақте ба корхона рафтам, дидам, ки  сари хоҳари номуродам аз китф аз тан ҷудо шудааст. Як дасташ ҳам аз танаш шуда, пойҳояш пора-пора ва дилу ҷигару рӯдаҳояш бар асари даридани шикам несту нобуд шуда буданд….

Хоҳари марҳум як ҷумла  нақл мекарду як дарё ашк рехта, рӯю мӯяшро меканд, ки хоҳари шӯрпешониям 23 сол азоби бевагӣ кашида, билохира бо чунин марги даҳшатангез ин дунёро падруд гуфт…

Тӯй ба мотам табдил ёфт

Хурсандой Собирова мегӯяд, ду рӯз пеш аз марги фоҷиавии хоҳараш ба ҷиянаш якбора ду хостгор баромада буд.

-Ман хоҳарамро насиҳат карда гуфтам, ки нозу бозор накарда ба номи нек тезтар духтаратро ба шавҳар деҳ. Духтар моли мардум аст, хоҳӣ нахоҳӣ, имрӯз ё фардо шавҳар карда меравад. Дилбар хандида гуфт, ки аллакай тамоми ҷиҳози арӯсии Нилуфарро харидааст, маошашро, ки гирифт, маъракаи фотиҳаи духтарашро мегузаронад. Бо сад орзую ҳавас ба тӯйи духтари ягонааш тайёрӣ медид хоҳараки ормониам, вале Худованд номуродаш карда, тӯй ба мотам табдил ёфт…

Чаманоро, ҷияни марҳум:

Сари аз тан ҷудоро нақл кардан

осону фаромӯш кардан душвор

Чаманоро, ҷияни марҳум Дилбар ва духтари Хурсандой, ки ҳамроҳи модараш шоҳиди ин фоҷиа гаштааст, мегӯяд:

-Он даҳшати асри 21-ро ман бо ду чашми худ дидам. Бовар кунед, то ҳол ба худ наомадаам. Қиссаи сари аз тан ҷудои холаи раҳматиямро нақл кардан осон, аммо фаромӯш карданаш душвор ва номумкин аст. Тасаввур кунед, ки сари одамӣ аз тан ҷудо шудаю тани бесар ғарқи хун метапад. Дасту пойҳо тика-тика, гирду атроф ҳавзи хун гаштааст… Худованд чунин фоҷиаи даҳшатангезро ба сари душмани кас наорад…

Бархе мегӯянд худи марҳум ҳангоми кор беэҳтиётӣ намуда, рӯймоли сараш ба дастгоҳ печидааст ва ӯро ба думболи кашонидааст, аммо иддаи дигар бар он назаранд, ки дар корхонаи хишт чораҳои бехатарӣ андешида нашудаанд. Шумо, ки он ҷо будед, дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

Ман донишгоҳ хонда, дорои маълумоти олӣ ҳастам. Хуб медонам, ки вазифаи асосии корманди техникаи бехатарӣ таъмини бехатарии техникаҳои корхона ва амнияти техникии коргарон аст. Дар он ҷое, ки холаи ман ба доми фалокат печид, ҳатто ба одами ба кӯр ҳам маълум аст, ки бехатарии техникӣ таъмин набуд. Ҳоло даҳонам бӯи хун мекунад ва бо ин масъала ба мақомоти дахлдор шикоят карданам каме ноҷо аст. Маросимҳои мотамӣ гузаранд, баъд мо сари ин масъала ба мақомот арз мекунем…

Роҳбарони корхонаи хишт

ҳатто ба таъзия наомаданд

-Роҳбарияти корхона чӣ мегӯяд? Албатта талафоти ҷоние, ки шумо, пайвандони марҳум Дилбар додед, ҷуброннопазир аст, вале ба ҳар сурат бояд то андозае ҷуброн карда шавад…?

-Бовар кунед, то имрӯз ҳатто як намояндаи завод аз дарамон даромада, изҳори ҳамдардӣ накардааст. Як бор напурсиданд, ки чӣ ҳол доред. Наход 35 сол дар як ҷо кори сангину вазнинро иҷро карда, бо чунин даҳшат ҷон диҳию ба як ҳолпурсии пайвандон дар ҳамин хел рӯзи сиёҳ наарзӣ? Магар мурдаи одами камбағалу камбизоат ҳамин қадар бе қадр аст?

Нилуфар, духтари марҳум:

Ягона такягоҳам модарам буд, вале..

Дар як кунҷи ҳавлӣ духтараки сафедпӯсте бо чашмони аз шиддати гиряи зиёд варамида ҷомашӯӣ мекард. Маълум шуд, ки ӯ фарзанди ягонаи марҳум Дилбар-Нилуфар аст. Аз ғаму андуҳи зиёд дар дили ин духтараки модаргумкарда ба қавли худаш қил намеғунҷид, аз ҳамин сабаб аввал аз суҳбат саркашӣ намуд, вале баъд оҳи пурдард кашида гуфт:

-Ман ба ғайр аз модарам дигар ягон одами наздик надоштам, на падар, на додар, на бародар ва на хоҳар. Модарам барои ман тамоми аъзои оилаам буд. Модарам тамоми умри ҷавонашро ба ман бахшид, аз ҳамин хотир, худ ба худ мегуфтам, ки акнун соҳиби маълумоти олӣ шудам ва ба кор даромада намемонам, ки дигар модаракам дар шароити вазнин дар заводи хишт кор кунад. Навбати ман расида буд, ки ӯро хӯронам, пӯшонам ва нигоҳубин кунам, вале…

Оби чашмони Нилуфар беихтиёр ба рӯяш шориданд ва дар ҳоле, ки зор-зор мегирист, бо қалби ҳазину чеҳраи заъфаронӣ аз мо дур шуд…

 Сабоҳат Саидқулова, ҳамсояи марҳум:

Зани ҳалолкору беозор  буд

Сабоҳат Саидқулова, ҳамсояи марҳум  мегӯяд, чанд рӯз боз мисли он ки ягон одами наздикаш гузашта бошад, ҳеҷ оби дидаашро нигоҳ дошта наметавонад, зеро ин марги осон набуд, ки нагирйӣ. Ба қавли ин зан Дилбар бисёр инсони поктинат ва ҳалолкор буда, бо ҳаққу ҳамсояҳо муносибати нек доштааст. Сабоҳат ҳамсояи меҳрубонашро бо некӣ ёд карда мегӯяд:

-Раҳматӣ занаки ҳалолу пок, хушгапу хушрафтор ва меҳнатӣ буд.  Дилбар ҳар саҳар аз ҳама пеш хеста тамоми кӯчаҳоро об пошида мерӯфт. Ягон бор намегуфт, ки пеши дарвозаи дигарҳоро чаро ман мерӯфтаам? Аз сар то охири кӯчаро рӯфта, баъд ба кор мерафт. Дили ягон ҳамсояро озор надода буд, вале намедонам чаро Худованд чунин марги даҳшатангезро ба ин зани покдоман ва меҳнаткаш раво дид…

Рӯймол гунаҳкор ё…?

Аз гуфтаҳои пайвандони марҳум ва шоҳидон чунин бармеояд, ки рӯймоли раҳматии  Дилбар  ҳангоми рехтани об ба деги лой ба миксер дармонда, дастгоҳ сари ин зани камбизоатро аз тан ҷудо кардааст. Зан то дами ҷонаш аз тан баромадан барои наҷот ёфтан он қадар дасту почак задааст, ки дасту пойҳояш низ тика-тика шудаанд.  Ин ҳодисаи даҳшатбор санаи 10-август рух дода, ҷасади Дилбар, аниқтараш боқимондаҳои онро рӯзи 11- август дар оромгоҳи деҳаи Сари Мазор ба хок супурданд.

Дилбар маъюб набуд

Ин занро, ки дар баъзе сомонаҳо “маъюб” навиштаанд ва ин ҳарфҳо барои аҳли оилаи марҳум “болои сӯхта намакоб” гаштанд. Пайвандони Дилбари ормонӣ мегӯянд, каме  каҷ шудани  даҳонаш бар асари тарс наметавонад маъюбӣ бошад. Магар маъюб дастгоҳи як заводи калонро идора карда метавонад?

Сари аз тан ҷудоро

аз даруни лой ёфтаанд

Хулоса, Дилбар Собирова  дар басти дуюм кор мекард ва шоми 10-уми август ба иллати риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар ҷои кор ба таври даҳшатбор ба ҳалокат расид. Ба гуфти шоҳидон, вақте ки Дилбар ба деги лой об меандохт, рӯймоли сараш ба миксер дармонда, ӯро ба тарафи худ мекашад ва дастгоҳ сарашро аз тан ҷудо мекунад.  Шоҳидон мегӯянд, тани бе сари зан дар рӯи замин муддати зиёде метапиду хун мисли фаввора аз танаш мерехт. Коргарон миксерро хомӯш карда, пас аз муддате сари аз тан ҷудошудаи Дилбари ормониро аз даруни лой кофта ёфтанд.
Ба гуфти шоҳидон ва кормандони худи заводи хиштбарорӣ корхонаи хишти чиниҳо дар ноҳияи Деваштич аз дастгоҳҳои кӯҳнаву фарсуда истифода мебарад, ки ҷавобгӯи меъёрҳои муосири бехатарӣ нестанд.

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Деваштич-Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *