Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон омад
Имрӯз, 22 апрел Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон вориди Тоҷикистон шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Интизор меравад, ки дар чаҳорчӯби ин сафар ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, бо вазири корҳои хориҷӣ низ вохӯрӣ анҷом диҳад.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ