Дэвид Рокфеллер-куҳансолтарин миллиарддери дунё аз олам гузашт

Намояндаи сулолаи миллиардерҳо Дэвид Рокфеллер субҳи  20 март бо ҷаҳон падрӯд гуфт. Сухангӯи миллиардер ин хабарро эълон кард. (Агентии Ассошийэтед Пресс).

Рокфеллер дар синни   101 солагӣ фавтид. Марги ӯ ду моҳ қабл аз зодрӯзаш сурат гирифт. Ӯ дар Ню-Йорк 15 июни 1915 таваллуд шудааст. Мавсуф донишгоҳи  Гарвардро хатм кардааст. Ҳамчунин дар мактаби бизнес ва сиёсати  Лондон таҳсил дошт, рисолаи докториро дар риштаи иқтисод дар донишгоҳи Чикаг ҳимоя кардааст. Солҳои Ҷанги 2 ми Ҷаҳон дар хадамоти кашофии ҳарбӣ дар Африкаи Шимолӣ ва Франсия хидмат кардааст. Рутбаи ҳарбиаш капитан. Баъди ҷанг, дар соли 1946 фаъолияташро дар Chase Manhattan Bank шуруъ кардааст ва дар соли 1961 президенти он мешавад.

Дар гузориши 20 мартии 2017- и Forbes  дар  рейтинги миллиардерҳо Рокфеллер ҷои 581- ро бо дороии $3,3 млрд. ишғол кардааст.   Forbes ӯро куҳансолтарин миллиардери дунё медонад.

Дэвид Рокфеллер – бародари хурдии ноиби Президенти 41 – и ИМА Нельсон Рокфеллер ва 37-мин губернатори Арканзас Уинтропа О. Рокфеллер аст.

Дэвид Рокфеллер — самый старый миллиардер умер

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *